Терминатори тоҷик ҳарифашро дар камтар аз як дақиқа мағлуб кард

Нахустин задухӯрди Терминатори тоҷик дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat, ки дар Қазон баргузор шуд, камтар аз як дақиқа давом кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов дар набарди аввалинаш дар мусобиқаи ACA пирӯзии аҷиб ба даст овард.
Вохӯрии терминатори тоҷик бо намояндаи эронӣ Амир Нурӣ дар Қазон, дар Қасри “Татнефт Арена” баргузор шуд. Барои мағлуб кардани ҳарифаш ба Одилов камтар аз як дақиқа вақт лозим омад.
Одилов набардро хеле бодиққатона оғоз намуда, аллакай дар аввали рақобат ба ҳарифи худ зарбаи "гилиотинӣ" расонда, муборизаро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид.
Барои варзишгари 30-сола, ин вохӯрӣ дар лигаи ACA аввалин буд, ки ба нафъи ӯ анҷомид. Ӯро тибқи шартномае, ки бо ин лига тасвиб намуд, панҷ рақобати дигар дар пеш аст.
Рақиби Фаридун Одилов дар лигаи АСА маълум шуд
Маврид ба зикр аст, ки ҳануз пеш аз оғози набард Одиловро мухлисони зиёд дар талор дастгирӣ намуданд.
Пас аз пирӯзӣ ӯ ба ҳамаи мухлисонаш изҳори сипос кард ва умедворӣ намуд, ки дар Гран При ширкат хоҳад кард.
Ин пирӯзӣ 15-умин ғолибияти Одилов дар фаъолияташ буда ӯ ҳамчунин ду бохт ва ду мусовӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли ҷорӣ размикори тоҷик бояд бо Даурен Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, вале ба далели вазни зиёди Одилов набард лағв шуд.