Захарова: Аз дасти Амрико ва муттаҳидонаш бар зидди Русия коре намояд

Сухангӯи расмии вазорати умури хориҷии Русия ахиран гуфт, ки ҳар талоше ҳам кунанд аз дасти ИМА ва муттаҳидонаш коре намеояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, ки тасмим гирифтаанд ба Русия муқобилат кунанд ва Киевро бо силоҳ таъмин намоянду замони анҷоми амалиёти ҷангиро тӯлонитар кунанд, ҳеҷ чизе аз дасташон намеояд.
"Новобаста аз он ки ИМА ва муттаҳидонаш барои мусаллаҳ кардани режими Киев, тӯлонитар кардани амалиёти ҷангӣ ва чашм пӯшидан ба ҷиноятҳои даҳшатнок талош доранд, муваффақ нахоҳанд шуд”, - гуфт ахиран хонум Захарова дар нишасти матбуотӣ.
Вай афзуд, далелҳое вуҷуд доранд, ки кишварҳои Ғарб мехоҳанд бо Русия муқовимат кунад ва барои он ҳеҷ маҳдудияти ахлоқӣ намебинад.
"Дурӯғ гуфтан маънои дурӯғ гуфтанро дорад. Таъмини силоҳ барои ба сатҳи нав боло бурдани шиддати вазъият ин маънои онро дорад, ки онҳо хостори ин корҳастанд. Қурбонии боз ҳам бештар одамон ин маънои онро дорад, ки ин тавр хоҳад буд. Аз нуқтаи назари онҳо, ин дуруст аст .... Зеро. ки онҳо "боғи зебо" ҳастанд ва боқимондаҳо "ҷангал"”, - шарҳ дод Захарова.
Захарова: Ғарб "ҷанг алайҳи Русия"-ро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд
Ёдовари мекунем, чанде роҳбари дипломатияи ИА Ҷозеф Боррел, гуфта буд, ки Аврупо як “боғи зебоест” ва дунёи атрофи он “чангал” аст, ки мехоҳад механизми зебои кормекардаи Аврупоро забт кунад.
Ахиран ҳукумати Олмон эълон кард, ки тасмим гирифтааст, ба Украина тонкҳои Леопард интиқол диҳад. Олмон тасмим дорад дар Украина ду баталёни танкӣ ташкил намояд. Дар марҳилаи аввал онҳо нақша доранд, ба Украина аз захираҳои Бундесвер ба 14 адад танкҳои Леопард диҳанд.
Ҳамзамон ахиран Кохи Сафед низ эълон кард, ки ният дорад ба Украина 31 танки М1 Абрамс диҳад. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, барои интиқоли мошинҳо чанд моҳ лозим аст.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳама кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар таҷҳизоти низомиё, ки барои Украина равон мешавад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".