ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ дар дидор бо сафири Теҳрон дар Кобул ва сарконсулҳои Эрон дар Афғонистон Ҳасан Козимӣ Қумӣ, бар ҳамкории байни ду кишвар таъкид кард.
Вай инчунин аз тасҳилот дар раванди судури раводид, ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъмини амнияти марзи муштарак, мизбонии Эрон аз муҳоҷирони афғонистонӣ, талош барои эъзоми беморони афғонистонӣ ба Эрон ва ҳамчунин кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломӣ таъкид кард.
Дар ин нишаст, ҳар ду тараф дар бораи мавзуоти сиёсӣ, эҷоди тасҳилоти лозим дар бахши раводид ва ҳамкориҳои ҷадид дар бахши тиҷорату кишоварзӣ гуфтугӯ карданд.
Аз замон ба қудрат расӣдани муҷаддади толибон дар соли 2021 то кунун кишвари Афғонистон бо шароит бисёр душвори иқтисодии рӯ ба рӯ шудааст.
Авзоъи маишатии мардуми Афғонистон ба шиддат дучори буҳрон шуда ва набуди манобеи молии мавриди ниёз барои воридоти колоҳои асосӣ ба Афғонистон монанди биринҷ, ҷав, гандуму заррат ва гаронии маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар сабаб шудааст то амнияти ғизоӣ дар Афғонистон ба мухотира уфтад.