ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони ширкати “Nanjing Communication Engineering Co. Ltd” – и Чин ва ширкати “Заводи Асфалту Бетон” -и Тоҷикистон шартнома дар бораи таҷдиди роҳи Бохтар-Левакант ва Лолазор-Левакант ба имзо расид, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт.
Тибқи иттилои созишномаи мазкур бо мақсади татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди қитъаи 1 ("Бохтар-Левакант, аз км 0,00 то км 9,72) ва қитъаи 2 ("Левакант- Лолазор, аз км 9,72 то км 40,0") ба имзо расонида шудааст.
Таъкид шудааст, ки лоиҳаи мазкур яке аз 5 лоиҳаҳое мебошад, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар барои оғоз бахшидани онҳо дар соли 2023 супориш дода шуда буд.
Бояд тазаккур дод, ки бори аввал дар таърихи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ, ки дар он беш аз 18 ширкати хориҷӣ низ иштирок доштанд, дар рақобати солим ду ширкати маҳаллӣ: ҶДММ “ИДЕАЛ-СЕРВИС” ва ҶСП “Заводи Асфалту Бетон” аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ғолиб дониста шуданд.
Зикр гардидааст, ки барои фаъолият пурра кормандони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Назорати сифати сохтмонро ширкати австралиягии СМЕК ба уҳда дорад.