ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид бо директори филиали Корпоратсияи миллии нафту гази Чин дар Тоҷикистон, Ли Бинг густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид бо Ли Бинг ба масъалаҳои амалишавии Созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилоят таваҷҷуҳ карданд.
Ли Бинг қайд кард, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, ба рушди соҳаи нафту гази ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд.
"Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Тоҷикистон шарҳ дода шуд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти Хатлон.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар баён доштаст.
Ин дар ҳолест, ки феълан дар масъалаи нафту газ Тоҷикистон пойбанди маҳсулоти воридотӣ буда, гази табииро аз Ӯзбекистон, гази моеъро аз Қазоқистон ва маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия дастрас мекунад.
Мақомоти тоҷик солҳои охир азм доранд, ки пойбандиро аз хориҷа коҳиш диҳанду тавлиди ин навъи маҳсулотро дар дохил афзоиш диҳанд. Аз ҷумла дар Данғара корхонаи коркарди нафту газ бунёд шудааст, аммо ҳанӯз ҷаҳише дар ин бахш дида намешаванд.