ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон хабар дод.
Қарор аст, нахустин парвоз ба Теҳрон 31 январи соли 2023 анҷом шавад.
Тибқи ҷадвали ин рӯз, ҳавопаймо бояд соати 17:30 аз Душанбе парвоз кунад, масири бозгашт аз Теҳрон соати 20:20 (бо вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.
Аз 10 феврал хатсайри ҳавоии Душанбе-Теҳрон ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.
Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Вақти сафар аз пойтахти Тоҷикистон то шаҳри Эрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 20 дақиқа хоҳад буд.
Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати "Сомон Эйр" барои харидории ҳавопаймоҳои нав гуфтушунид дорад.
Ҳавопаймоҳои хурди L-410 Turbolet барои интиқоли мусофирон бояд дар дохили Тоҷикистон харидорӣ шаванд, ки гуфта мешавад, барои кишвар хеле мусоид аст.