Рустами Эмомалӣ бо Ҳусейн Ал Мусаллам рушди варзиши обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

Ба президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ гуфта шудааст, ки шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ин дидор дар Душанбе сурат гирифта, дар он ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан варзиши обии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии шиноварӣ баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҳусейн Ал Мусаллам гуфтааст, ки барои рушду густариши соҳа дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
"Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ карда шуд", - афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин дар ин аз дидор талошҳои Тоҷикистон тайи солҳои ахир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар Душанбе бо шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳамгардида зикр шудааст.
Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ
Ба президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ гуфта шудааст, ки шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд.
Маврид ба зикр аст, ки калонтарин макон барои омодасозии варзишгарон дар кишвар дар ин самт, ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе аст, ки онро соли 2020 ифтитоҳ карда буданд.