Мирзиёев бо Ҷабборов дидор мекунад: сабаб

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо як сафари дурӯза ба Қирғизистони ҳамсоя меравад ва дар онҷо бо раисҷумҳури ин давлат мулоқот анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари давлатӣ ба пойтахти Қирғизистон меравад. Ин сафар аз 26 то 27 январ идома хоҳад кард
Вай дар Бишкек бо раисиҷумҳури он кишвар Содир Ҷабборов мулоқот мекунад.
Роҳбарон масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди тиҷорати мутақобила, инчунин дастгирии барномаҳои ҳамкории саноатӣ ва пешбурди лоиҳаҳои инфрасохтори минтақавӣ дода мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки дар ҷараёни сафар имзои як қатор асноди марбут ба аломатгузорӣ ва делимитатсияи қитъаҳои мушкили марзи ду кишвар дар назар аст.
Аз ҷумла, президентҳо тасвибномаҳои идораи муштараки обанбори Кампир-ободро табодули назар мекунанд ва санадеро имзо мекунанд, ки тартиби убури сарҳадро барои шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ содатар мекунад.
Мирзиёев аз адами эътимоди ҷаҳонӣ гуфт
Ҳамчунин маълум шуд, ки пулиси Қирғизистон дар рӯзҳои сафари Мирзиёев ба режими пурзӯри назорат мегузарад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рӯзҳои сафари давлатӣ тадбирҳои пешгирикунанда мегузаронанд.
Пулиси Бишкек макони баргузории чорабиниҳои расмиро таҳти назорати махсус гирифта, ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳои роҳ маҳдуд мешавад.
Қобили зикр аст, ки сафари давлатии Мирзиёев дар ибтидои моҳи декабри соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, аммо сафар ба санаи дертар ба таъхир афтод.