Қарзгирӣ дар Тоҷикистон бештар шудаст

Дар Тоҷикистон қарзгирии шаҳрвандону соҳибкорон аз муассисаҳои молиявӣ дар давоми 12 моҳи соли гузашта ба андозаи садҳо млн сомонӣ афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Бонкҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ дар Тоҷикистон 14,4 млрд сомонӣ қарз додаанд.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, ҳаҷми қарзҳои додашударо нисбат ба соли 2021-ум 700 млн сомонӣ зиёд арзёбӣ кардаст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии бештар ба хадамоти молиявӣ дар кишвар дастур дод.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз бонкдорони кишвар талаб кард, ки қурби асъори миллӣиро дар сатҳи устувор нигоҳ доранду ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ низ чораҳо андешанд.
Бонку ташкилотҳо дар Суғд чӣ қадар қарз доданду чанд пулро нигоҳ медоранд?
Ҳамзамон Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кишвар, тавсеаи фарогирии минтақаҳо ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна, бахусус, дар соҳаҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ чораандешӣ кунад.
Рушди низоми пардохт ва ба низоми ғайринақдӣ гузаронидани соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт қабул кардани боҷу андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз дастурҳои дигари президент будаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур додааст, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ хусусан сармояи мустақим чораҳои мушаххас андешанд.