Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шуда зиёд шудааст, вале бо вуҷуди ин кишвар ба муҳоҷирон ниёз дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, дар соли гузашта 10,3% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, котиби давлатӣ - муовини вазири корҳои дохилӣ Игор Зубов дар ҷаласаи Думаи давлатӣ хабар дод.
"Тибқи натоиҷи 12 моҳи соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 40,2 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% афзоиш ёфтааст", - гуфт Зубов.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод 3,9 дарсади ҷиноятҳои дар давоми сол содиршуда дар кишварро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, Зубов қайд кард, ки Русия наметавонад аз хориҷиён "дар инзиво" бимонад, зеро ба онҳо ниёз дорад.
Тағйирот ба қонунгузории бахши муҳоҷират дар Русия: Чӣ навгониҳо ҷорӣ мешаванд?
"Русия як кишвари ниёзманди муҳоҷирон аст. Аз ин роҳи гурез нест... Мо наметавонем худро дар инзиво қарор диҳем", - изҳор дошт ӯ.
Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.
Назорати видеоии муҳоҷирон дар Русия пурзӯр мешавад
Ҳамин тариқ, танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳудуди 30,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд. Ин назар ба як соли пеш 15,2 фоиз зиёд аст.