ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Ҳоло Ғарб бояд ба Украина силоҳҳои муоссир ва сангин, аз ҷумла танкҳо диҳад. Ин иқдом на танҳо барои дифои худ, балки барои "баргардонидани қаламравҳо" аз даст дода аст диҳад, гуфт Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
"Русия ҳуҷумҳои нав омода дорад... Аз ин рӯ, мо бояд силоҳҳои вазнинтар ва муосиртар диҳем, то нерӯҳои Украина ба нерӯҳои Русия муқовимат кунанад. Ин иқдом на танҳо барои зинда мондани давлат, балки барои ғалаба кардан, баргардонидани қаламравҳо, ҳамчунин ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва мустақил боқӣ мондани ҳамчун кишвари аврупоӣ равона шудааст", - гуфт ӯ.
Дабири кулли НАТО дар як нишасти хабарии муштарак дар Берлин бо вазири дифои Олмон Борис Писториус изҳори итминон кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба зудӣ дар мавриди интиқоли танкҳо ба Украина ба созиш мерасанд.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, хар як техникаи низомӣ ва ёрирасони душман, ва ҳар иншооте, ки ба зерсохтори низомӣ тааллуқ доранд, инчунин зерсохторҳои шаҳрвандӣ, ки ба расидан ба ҳадафҳои низоми мусоидат мекунанд, ҳадафи қонунӣ шуморида мешаванд.
Вазари хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина аз тараи Ғарб ба пешрафти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.