ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Пеши Игор Черевченко, ки ахиран ба мақоми сармураббии тими футболи "Истиқлол" таъйин шуд, вазифаҳои ҷиддӣ меистанд, изҳор дошт коршиноси футболи тоҷик ва мураббӣ Валерий Юлдошев.
Шартномаи "Истиқлол" бо Черевченко, собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон то охири соли 2023 амал мекунад.
Вазифаи Черевченко таъмини пешдастии "Истиқлол" дар ҳамаи мусобиқаҳое мебошад, ки тим дар он иштирок хоҳад кард, изҳор дошт Юлдошев дар шарҳи таъйинот ба Sputnik Тоҷикистон.
"Ман ин хабарро хеле хуб қабул кардам. Ӯ бояд кайҳо ба Ватан бармегашт, инро тамоми ҷомеаи футбол интизор буд. Дар назди ӯ вазифаҳои ҷиддие меистанд", - таъкид намуд мутахассис.
Юлдошев аз ҳунарнамоии хуби "Истиқлол" дар мусобиқаҳои қоравии чанд соли қабл зикр намуда, илова намуд, ки нишондиҳандаҳо бояд беҳтар шаванд.
"Агар мусобиқоти Осиёро гирем, пас "Истиқлол" чанд соли қабл Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро хуб гузаронд. Имсол ба мо лозим аст, ки боз ҳам беҳтар кор кунем, Черевченко ва "Истиқлол" бояд болотар аз сари худ ҷаҳанд", - гуфт ӯ.
Мутахассис зарур хонд, ки "Истиқлол" бояд ҳадди ақал ба чорякфинал ё ниманиҳоӣ роҳ ёбад, ки барои ин ҷалби бозигарони хеле хуб зарар аст. Ӯ зикр намуд, он соле, ки "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳӣ хуб бозид, ҳайати бозигарон тавоно буданд. .
"Дар мавриди худи Черевченко, бармеояд, ки дар Русия ӯ аз ягон бошгоҳ пешниҳоди ҷолибе нагирифт, боз дар аҳде, ки тимҳо дар майдонҳои аврупоӣ бозӣ намекунанд, чизе барои мубориза нест. Фикр мекунам, дар бошгоҳи Душанбе ҳама чиз хуб мешавад”, - афзуд коршинос.
Бояд гуфт, ки ба Игор Черевченко дастпарварди дигари футболи тоҷик Юрий Батуренко кумак мекунад.
Илова бар ин, Алишер Тӯхтаев, ки дар бошгоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мураббӣ кор мекард, ёвари ӯ хоҳад шуд. Мураббии рус Дмитрий Тяпушкин дар “Истиқлол” мутахассиси бахши кор бо дарвозабонҳо таъйин шуд.