Бонки АвруОсиёии Рушд аз сустшавии таваррум дар Тоҷикистон гуфт

Ба сустшавии таваррум чораҳои саривақт андешидаи Бонки миллӣ ва паст шудани нархи молҳо дар ҷаҳон, ки Душанбе ба таври фаъол ворид менамояд, мусоидат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар овохири соли 2022 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз 4,5% дар моҳи ноябр то 4,1% дар моҳи декабр коҳиш ёфт, хулоса кардаанд таҳлилгарони Бонки рушди АвруОсиё.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки " дар нимаи дувуми соли ҷорӣ ба сустшавии болоравии нархҳои истеъмолӣ, поинравии қимати колоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон аз онҷо ворид мекунад, аз қабили ғизо ва сӯзишворӣ мусоидат кардааст".
Расондани 600 сомонӣ кумакпулӣ ба ниёзмандони шаҳри Турсунзода: чанд нафар нагирифтаанд?
Дигар омили асосии паст кардани сатҳи таваррум дар соли 2022 сиёсати Бонки миллӣ буд, ки меъёри бозтамвилро дар давоми сол дар ҳудуди 13-13,25 фоизи солона нигоҳ дошт.
Қаблан БМТ гуфта буд, ки мизони таваррум дар соли 2023 дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда ва он 6% (±2 банди фоизӣ)-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, онҳо эътироф карданд, ки сабабҳое мавҷуданд, ки метавонанд боиси болоравии нархҳо ва тарофаҳои истеъмолӣ шаванд.