Миёни Афғонистону Тоҷикистон пули нав сохта мешавад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феҳрасти тарҳу лоиҳаҳоеро эълон кардааст, ки татбиқи онҳо дар соли 2023 оғоз гардида, барои рушди соҳа такон мебахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар феҳрасти тарҳҳое, ки татбиқашон соли равон оғоз мегардад, сохтмони пули ҷадид аз болои дарёи Панҷ зикр шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, пули ҷадид дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор бо роҳи автомобилгарди беш аз 18,5 километр ба он пайвасткунанда оғоз меёбад.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки пули мазкур 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд, ки мавзеи Кокули ноҳия Фархорро ва Ойхонуми вилояти Тахор мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол 6 пули фаромарзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта шудаанд, ки фаъолияти бисёрашон бо сари қудрат омадани толибҳо мутаваққиф шуда буд.
Дарозии пули ҳафтум дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонум наздики 297 метр, бари он 4,5 метр арзёбӣ мегард.
Созиши Душанбею Кобул дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​барои соли 2023
Инчунин таъкид шудааст, ки пул бо иқтидори борбардории 60 тонна сохта шуда, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км низ бозсозӣ хоҳад шуд.
Қаблан арзиши татбиқи ин лоиҳа наздики 10 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда буд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим қаблан мақсад аз сохтмони пулҳои байни ду кишварро таъмини инфрасохтори зарурӣ, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, рафтуомади бемамонияти шаҳрвандон гуфта буд.
Вай афзуда буд, табодули беҳтарин дастовардҳои тарафҳо, таҷриба, хизматрасонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бо ин тартиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ва минтақаи ду кишвари ҳамсоя аз аҳдофи аслист.
Аммо дар ҳоли ҳозир рафтуомад миёни Тоҷикистону Афғонистон маҳдуд буда, кори бисёре аз пулҳо мутаваққиф шудаанд. Миёни Тоҷикистону Афғонистон дар баробари пулҳо инчунин бозорҳои наздисарҳадӣ низ фаъол буданд, ки феълан кори бисёрашон мутаваққиф шудааст.