ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳи вилояти Хатлон амалиёти "Ҳифзи ҳайвонту парандагони нодир" баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши ин ниҳод, амалиёти мазкур дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳими зист пиёда гардид.
Ҳадаф аз амалиёти "Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир" ин беталаф баромадани онҳо аз сармои зимистони имсола арзёбӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва бахши муҳити зист дар минтақаҳои Муъминобод ва Ховалинг корҳои биотехникӣ гузарониданд. ин ду минтақа аз сардтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд.
"Дар рафти корҳои биотехникӣ 50 кг гандум, 50 кг ҷав ва 200 кг бедаи хушк дар доманакӯҳҳои минтақаи ноҳияи Муъминобод пошида шуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Зикр гардид, ки барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 10 январ пас аз боридани барфи зиёд дар Тоҷикистон сармои ғайриоддӣ кишварро фаро гирифт.
Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин сардиҳои моҳи январ дар 15 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад.