ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шудаанд,иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар вилоят 7 нафар ҷон дода, 10 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Ҳамзамон Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Фархор, Данғара ва шаҳри Кӯлоб рӯх додааст.
“Аз тарафи корфармоён ба оилаҳои афроди фавтида ва маҷруҳшуда аз 242 ҳазор сомонӣ боло кумак ва ё ҷуброн дода шудааст”, – қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Хатлон хабар дод, ки дар вилоят дар доираи истиқбол аз ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 8,6 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ гардидаанд.
Тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазору 200 иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо дар назар дошта шудааст.