ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Толибҳо афзоиши ҳуҷум аз қаламрави Афғонистон ба Покистонро ба иштибоҳашон дар рӯзҳои аввали сари қудрат расиданашон рабт доданд.
Консули генералииАфғонистон дар Пешовар, Ҳофиз Муҳиб дар шарҳи афзоиши ҳуҷумҳо ба Покистон изҳор дошт, ки аъзои ин гуруҳ масти хумори пирӯзӣ дар рӯзҳои аввали қудратдорияшон ҳамаи зиндониён, аз ҷумла "Таҳрики толибҳои Покистон"*-ро озод карданд.
Вай афзудаст, ки аз ин иқдом худи толибҳо низ ранҷ мебаранд, чун тасодуфан аъзои ДОИШ*-ро озод карданду феълан алайҳашон мубориза мебаранд.
Қаблан дар конфронси Тошканд, вазири умури хориҷии толибҳо, Амирхон Муттақӣ низ эътироф кард, ки ин гуруҳ иштибоҳан ҳудуди 1,8 ҳазор узви гуруҳи ДИИШ*-ро раҳо намуда буд.
Толибҳо нимаи августи соли 2021 вориди Кобул шуда, қудрат дар Афғонистонро комилан ғасб намуданду аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд.
Дар зимн баъди сари қудрат расидани толибҳо ҳолатҳои рух додани даргирӣ дар минтақаҳои марзии Покистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд.
Дар ин пасманзар дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд ва афзуданд, толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд.
Қаблан сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.
*-созмонҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия