Талоши шаҳрдории Душанбе барои бартарафкардани беобӣ дар бархе биноҳои шаҳр

Ҳавои сард боиси яхбандии қубурҳои об дар бархе аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе шуда, интиқоли оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинонро мушкил кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кормандони КВД "Обу корези Душанбе" дар чор ноҳияи пойтахт барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд, иттилоъ додааст ба АМИТ “Ховар” сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи корхонаи мазкур Зуҳра Сафарзода.
Ба гуфтаи вай аксари биноҳои кӯҳнасохт худсарона қубурҳоро аз берун васл намудаанд, ки ба яхбандӣ дучор гардида, мушкили норасоии обро ба вуҷуд овардааст.
Инчунин ба гуфтаи вай дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ бинобар худсарона васл намудани қубурҳо ба қубури асосӣ аз ҷониби сокинон низ садамаҳо рух додаанд.

“Ҷиҳати бартарафсозии он Нозироти идоракунии минтақавии фонди хоҷагии манзил дар ҳамкорӣ бо сокинони бино масъуланд. Вале новобаста ба ин кормандони мо ба кумаки сокинон мешитобанд, то мушкили онҳоро бартараф намоянд”,-изҳор дошт хонум Сафарзода.

Вай афзуд кардааст, ки КВД "Обу корези Душанбе" дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки обтаъминкунии баъзе биноҳои истиқоматӣ бо об душвор гардидааст, ҳамаи тадбирҳоро меандешад, то сокинон бо об таъмин бошанд.
Вазорати нақлиёт: Дар ин сардиҳо аз сӯзишвории зимистона истифода намоянд
Таъкид гардидааст, ки дар биноҳои Айнӣ 72/А, 72/4, 72/5, 72/6, 74/1, 74/2, 76, 82/1, Назаршоев 325-и ноҳияи Шоҳмансур, дар бинои Рӯдакӣ 91, 93, 94, 95-и хиёбони Рӯдакӣ, 191 ноҳияи И.Сомонӣ, Зарафшон 22, биноҳои 3 ва 4-ошёнаи кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино чунин ҳолатҳо ба мушоҳида расиданд, ки кормандони корхона онҳоро сари вақт бартарф намуданд.
Хонум Сафарзода мегӯяд, ки агар як мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар хонаҳои кӯҳнасохти замони Шӯравӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифта, имрӯз ба яхбандӣ дучор гардидаанд, сабаби зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳавосурат гирифт.
Ба гуфтаи ў, омили дигари танқисии оби ошомиданӣ- ин аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва баъзе хонаҳои баландошёна кушода мондани ҷумакҳои оби ошомиданӣ мебошад.
“Яъне, баъди дар хонаҳо кушода мондани ҷумакҳои об фишор дар қубурҳо суст гардида, норасоии об ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама гирифторшавии қубурҳо бештар мегардад, ки ин кори моро дучанд менамояд”,- гуфт ӯ.