ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси ширкати суғуртавӣ-содиротии "KazakhExport" Аслан Калигазин мулоқот кард, хабар дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.
Ба иттилои ин ниҳод, сафир имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистонро ба раёсати ширкати "KazakhExport" муаррифӣ намуд.
Дар рафти мулоқот аз ҷумла зарфияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон ва инчунин логистика баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳаҷми додугирифти солонаи Тоҷикистону Қазоқистон марзи 1,2 млрд долларро гузашта, ҷонибҳо талош доранд, онро ба 1,5 млрд доллар расонанд.
Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъдану маҳсулоти кишоварзӣ содир карда, аз ин кишвар нисбатан зиёд орду ғалла ва гази моеъ дастрас мекунад.
Ахиран раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳо, махсусан дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд.
Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот, муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.