Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ба Украина чӣ қадар кумак кардааст

Сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои Украина наздик ба 50 миллиард евро кумак кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои Украина тақрибан 50 миллиард евро кумак кардаанд, ки 10 миллиардаш ба бахши низомӣ равона шудааст, гуфт дар ин бора сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррел дар Мадрид дар маросими супурдани ҷоизаи форуми “Иқтисоди нав”.
"Агар мо тамоми иқдомҳоеро, ки Аврупо барои Украина анҷом додааст, на танҳо дастгирии низомӣ, ки ман бар он таъкид мекардам, балки кӯмакҳои иқтисодӣ, макромолиявӣ ва башардӯстона дар ҳама гуна шаклҳоро бигирем, мо аллакай ба 50 миллиард евро наздик мешавем" гуфт оқои Боррел.
Ба гуфтаи вай, сарфи назар аз он, ки кумаки низомии ИМА ба Украина 17 миллиард евро ва кишварҳои шарик тақрибан 10 миллиард евроро ташкил додааст, кӯмаки умумии Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин дар ҷаҳон будааст.
Небензя - Украина ба як ширкати хусусии низомии НАТО табдил ёфт
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Вазири дифои ИМА Ллойд Остин зимни суханронӣ дар пойгоҳи Рамштайн гуфт, ки ҳимоят аз Украина то замоне идома хоҳад ёфт, ки ин кишвар ба он ниёз дошта бошад.
Остин дар ҷараёни конфронс, ки дар сомоани Пентагон пахш шуд, гуфт: "Мо ҳимояти истиқлолияти Украинаро то замоне, ки лозим аст, идома хоҳем дод."
Ба гуфтаи вай, ин "як лаҳзаи ҳалкунанда барои Украина ва даҳсолаи ҳалкунанда барои тамоми ҷаҳон" аст.