ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Муовини шаҳрдори Душанбе, Дилбар Одилзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ аз бархе макотибу кӯдакистонҳои пойтахт боздид кардааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, Одилзода аз ҷумла ба мактабҳои рақами 29, 55 ва кӯдакистони рақами 27-и ноҳияи Шоҳмансур рафтааст.
"Маълум шуд, ки роҳбарият, мураббиёну омӯзгорон ва шахсони масъул дар ҷойи кор ҳозир буда, ҳуҷҷатгузории худро ба танзим медароварданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки ноиби шаҳрдор дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон суҳбат намуда, ба масъулин барои гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастур додаст.
Бар асоси омори расмӣ, дар Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 269 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ фаъолиятдоранд. .
Маврид ба зикр аст, ки тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон аз 20 январ дарс оғоз гардид.
Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз шуда буд, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардида буд.