Дар навоҳии наздимарзии вилояти Бадахшони Афғонистон бархе аз хонаводаҳо ба ҷои доруи дардсабуккунанда аз маводи мухаддир истифода мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, коре барои дарёфти маблағу муолиҷа надоранд ва беморхонаҳои наздику дастрас низ нест.
Ягона дармонгоҳ барои муолиҷаи нашъамандон танҳо дар шаҳри Файзобод - маркази маъмурии вилоят мавҷуд аст.
Бинобар набуди маводи тиббиву дастрасӣ ба табибон онҳоро ба чунин роҳ бурдааст, ки ҳамакнун бо умеди муолиҷа муътод шудаанд.