Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ба як нишасти муштарак омодагӣ мегиранд

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс санаи баргузории нахустин мулоқоти раҳбарони давлатҳоро баррасӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба нахустин нишасти сарони давлатҳо омодагӣ мегиранд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии "Дунё"- и Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
Ба ин тартиб, ба иттилои ин ниҳод, дар Риёз мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Котиботи кулли Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
"Дар мулоқот замони баргузории нишасти аввали сарони кишварҳои узви муколамаи стратегии "ШҲКА - Осиёи Марказӣ" дар Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои марбут ба ин ҳодиса баррасӣ шуд", - омадааст дар хабари агентӣ.
Муовини дабири кулли СҲКА Абдулазиз Ҳамад ал-Увайшик таъкид кард, ки кишварҳои Халиҷи Форс ҳамеша бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити хуб доштаанд ва ба рушди минбаъдаи онҳо манфиатдоранд.
"Таҳдиди якдилонаи кишварҳои Халиҷи Форс ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкориҳо бо ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳама самтҳо ва таҳкими минбаъдаи муколамаи амалӣ дар формати ШҲКА - Осиёи Марказӣ изҳор карда шуд", - таъкид дошт "Дунё".
Бандарҳои Эрон дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ гузошта мешаванд
Моҳи сентябри соли 2022 дар Ар-Риёз кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ нахустин нишасти муколамаро дар сатҳи сарони умури хориҷӣ баргузор карданд.
Ба ҳайати Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ ва Халиси Форс шаш кишвари арабие, ки ба Халиҷи Форс дастрасӣ доранд: Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Уммон ва Қатарро шомил гадиданд.