ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди теъдоди зиёди иншооти нав дар назар аст. Дар ин бора аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта мешавад, чунин нақшаҳо дар конфронси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, эълом гардид.
Ҳамин тавр, то ин сана зиёда аз 6,2 ҳазор бино барои мақсадҳои истеҳсолӣ, таълимӣ, тиббӣ, маданият ва варзиш қомат рост мекунад.
Ҳамчунин дар минтақа таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо низ дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, дар конфронс ҳамчунин натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, феълан нақшаи мушаххаси сохтмон пешниҳод нашудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ 64 муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.