Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ боқӣ мемонад

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад - ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 7,3 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15% бештар аст. Чунин маълумотро Агентии омори ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.
Тибқи омор, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад.
Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷшавии бебозгашти асъори хориҷӣ дар соли гузашта беш аз 3 млрд долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, содироти коло дар ин давра беш аз 2,1 млрд доллар ва воридот ба кишвар 5,2 млрд долларро ташкил додааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон
Дар ин давра Тоҷикистон бо 110 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошт. Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё, таваррум дар соли 2023, 6% ва дар соли 2024, 6,1% афзоиш хоҳад ёфт.
Зимнан зикр гардид, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба коҳиши афзоиши қимати коло ва хидматрасонӣ барои истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.