ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Масъалаҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли равон ахиран дар ҷаласае Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баррасӣ гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати мазкур.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо то шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода баргузор шудааст.
Дар он муовинони вазир, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон, Туркия, Олмон иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти Вазорати дар соли 2022 баррасӣ гардид.
Завқӣ Завқизода дар барои иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президент, ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳмзамон дар ин ҷаласа ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.