ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз Эрон боздид карда, бо роҳбарияти кишвари мизбон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сиёсатмадори баландпояи Русия рӯзи 23 январ озими Теҳрон мешавад.
Қаблан раҳбари бахши равобит бо ҷомеаи порлумони Эрон, Маҳмуди Содиқиён, гуфта буд, ки барномаи сафар алакай тасвиб шудааст. Қарор аст, Володин аз ҷумла бо раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ мулоқот кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили соли 2022 раисҷумҳури Эрон аз Маскав боздид карда, бо президенти Русия, Владимир Путин ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Эрон санадеро ба Русия супурд, ки ҳамкориҳои миёни ин кишварҳоро барои 20 сол пешбинӣ мекунад.
Раисӣ ҳамчунин бар зарурати боло бурдани сатҳи равобити тиҷоративу иқтисодии давлатҳо ва ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, илму фанноварӣ, дифоъ ва низомӣ, ҳамчунин дар масоили амниятӣ ва кайҳонӣ таъкид намуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир равобити Маскаву Теҳрон майли густариш дошта, ҷонибҳо аз ҷумла гузариш ба пули худӣ дар додугирифту ташкили корхонаҳои муштараки тавлидотиро баррасӣ менамоянд.