ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар Новосибирск қариб дар ҳамаи бахшҳо камбуди нерӯи корӣ ҷой дорад, изҳор дошт волии минтақа, Андрей Травников.
Ӯ аз камбуди кадрҳо зимни мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин изҳор доштаст.
Дар мавриди вокуниши иқтисоди минтақа ба таҳримоти эълоншуда зикр гардид, ки таъсири такондиҳандае сабт нашуда, оромона қабул шуд.
"Иқтисоди мо хеле гуногунсамта аст, бидуни вобастагӣ аз соҳаҳои алоҳида. Таҳримот амалан ба вазъ дар бозори меҳнат таъсир нарасонидаанд, он мӯътадил аст, бекорӣ ҳатто коҳиш ёфтааст", - гуфт Травников.
Дар феҳрасти бахшҳое, ки дар он кадрҳо намерасанд, аз ҷумла саноат, савдо, хоҷагии қишлоқи мавсимӣ, нақлиёт, маориф ва нигаҳдории тандурустӣ зикр гардидаанд.
Ин нуктаро қаблан муовини вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии вилояти Новосибирск Владимир Машанов низ таъкид карда буд.
Коршиносон сабаби камбуди кадрҳоро "чоҳ"-и демографии солҳои 90-уми асри гузашта медонанд, ки бо афзоиши синни аҳолии қобили кор ва коҳиши вуруди ҷавонон ба бозори меҳнат рабт дорад.
Илова бар ин, намояндаи минтақавии "Авито Работа" дар Сибир, Екатерина Салостий бар ин назар аст, ки ба нарасидани коргарон дар баъзе соҳаҳо пандемия ва паёмадҳои он, аз ҷумла коҳиши вуруди муҳоҷирони корӣ ба таври ҷиддӣ таъсир расонидааст.