ДУШАНБЕ, 17 янв – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд ҳаво тадриҷан тағйир меёбад ва аз сардиҳои сибирӣ изе боқӣ намемонад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Маркази ҳавошиносии Суғд хабар доданд.
Ба гуфтаи Абдувалӣ Ҳамидов, раиси ин марказ, дар ин ҳафта рӯзҳои сардро ҳарорати мусбати деринтизораш иваз хоҳад кард.
“Тибқи иттилои ҳосилшуда ҳарорати ҳаво дар шароити доманакӯҳҳо тағйирёбанда хоҳад буд. Рӯзҳои 18 – 22 январ, рӯзона дараҷаи ҳарорати ҳаво аз – 4 дараҷа сардӣ то ба + 5 дараҷа гармӣ баробар хоҳад шуд”, – гуфт, Ҳомидов.
Бино ба арзёбии ин коршинос дараҷаи ҳарорати ҳаво дар ин санаҳо шабона аз 6 то 7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Аммо дар ҳамин ҳол, Ҳамидов тавзеҳ дод, ки сокинони водиҳои шимоли ҷумҳурӣ набояд ба гармшавии зиёд умед банданд.
Ба гуфтаи вай, ҳаво рӯзона дар ин манотиқ аз 2 то 7 дараҷа ва шабона то 8 дараҷа сард хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи ӯ, зимнан антисиклони сибирӣ то кунун дар фазои атмосферӣ дар водиҳо истод аст.
Ин антисиклон баъди расидани антисиклони дигар, ки гармӣ дониста мешавад аз фазои атмосферӣ мо ба самти дигар ҳаракат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 10 январ пас аз боридани барф дар Тоҷикистон сармои ғайриоддӣ кишварро фаро гирифт.
Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин сардиҳои моҳи январ дар 15 соли охир бори аввал аст.