ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вашингтон ва кишварҳои узви НАТО алайҳи Русия дар қаламрави Украина ҷанги прокси бурда истодаанд, иттилоъ дод хабаргузории маҳаллии HINA аз қавли президенти Хорватия Зоран Миланович.
Ба иттилои манбаъ, Миланович зимни нишасти матбуотӣ дар Вуковар сиёсати таҳримҳоро ба нокуҷо хондаст.
"Нақшаҳо наметавонанд дар таҳрим таҷассум ёбанд. Таҳрим сафсата аст ва ба чизе ноил нахоҳем шуд. Онҳо ҳатто Милошевичро нашикастанд. Аз ҷанг ба ҷанг гузашта истодаанд. Ман бояд дар миён кӣ бошам, ғуломи Амрико?", - изҳор доштааст Миланович.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ Миланович аъзои ҳукумати кишварашро, ки пешниҳоди тамрини сарбозони украиниро дар қаламравашон кардаанд, мавриди интиқод қарор дод.
Дар баробари ин, президент раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо интиқод карда, "авбошони Брюсел" хонд.
"Онҳо ба мо мисли кару курҳои аблаҳ муносибат мекунанд. Аз куру карҳо узр мехоҳам, ки ахиран дар қабули ман буданд, онҳо аблаҳ нестанд", - гуфт роҳбари Хорватия.
Ин дар ҳолест, ки пештар роҳбари Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин таъкид намуда буд, ки ИМА Аврупоро водор ба ҷанги таҳримӣ алайҳи ФР намудаст, ки ба зарарарашон анҷомидаст. Вай гуфт, ИМА дар пӯсти гӯсфанд меояд, аммо дандонҳояш намудоранд.
Дар зимн Володин таъкид намуда, ки судбарандаи асосии ин сиёсати таҳримӣ маҳз ИМА мебошад.