ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, Амирхон Муттақӣ ба намояндаи вижаи президенти ФР, Замир Кабулов дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои сафорати Русия дар Афғонистон, Муттақӣ зимни мулоқот бо Кобулов изҳор дошт, ки аз маслиҳатҳо аз Маскав таваҷҷуҳ медиҳанд.
"Роҳбарияти Афғонистон маслиҳати дӯстони русро бодиққат гӯш мекунад ва барои таъсиси ҳукумати фарогир дар масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занону духтарон талош мекунад", - таъкид намудаст Мутаққӣ.
Маврид ба зикр аст, ки боздиди Кобулов ва мулоқот бо Мутаққӣ охири ҳафтаи гузашта сурат гирифта, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли вазъ дар Афғонистон талош дорад ва аз ин рӯ, аз интиқоди ҳукумати феълӣ ва дахолат ба сиёсати дохилии ин кишвар худдорӣ мекунад.
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.
Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.