ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон хориҷ шуд, чун ҳадаф дошт ба ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад.
Ин нуктаро собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ дар саҳифааш Twitter дар посух ба суханони собиқ вазири умури хориҷии ИМА, Майк Помпео баён доштааст.
Ахиран, Помпео дар суханронии худ дар Донишгоҳи Чикаго гуфт, аслан намехостанд, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз мақомаш истеъфо диҳаду тарки кишвар кунад.
Дар посух Солеҳ мақомдори ИМА-ро фиребкор хонда, афзудааст, ки Ғанӣ қасди сулҳ дошт, аммо Амрико мехост Афғонистонро ба Покистон таслим кунад. Вай ИМА-ро дар суқути Афғонистон айбдор кард.
Солеҳ иддао кардааст, ки Амрико мехост бо тасмими пинҳонӣ дар бораи таслими Афғонистон ба Покистон ба як ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад.
"Дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен ман имконотро ба ин фиребгар тавзеҳ додам ва 11 далел овардам, ки чаро кишвари моро ба покистониҳо ва террористҳо медиҳед ва ин сулҳ нахоҳад овард", - афзудааст ӯ.
Амрико ба хотири манофеи стратегӣ арзишҳои башариро поймол кард ва акнун осонтарин фирор ин қиссаҳои беасос аст, таъкид кард Солеҳ.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.