Сокинону меҳмонони Душанбе аз ҳавои сарду сербориш намеҳаросанд, балки баръакс хурсандии онҳо ҳадду канор надорад.
"Соли нави кӯҳна, барф, шабнам - ҳамаи ин бисёр аҷиб аст! Чунин барфи фаровон захираи обу саломатист", - бовар дорад як сокини Душанбе.
Як сокини ҷавони пойтахт нақл кард, ки дар кӯча либоси таги гарми термикӣ, рӯймолу кулоҳ пӯшида, дар хона ҷӯробҳои помириро иваз карда, чойи гарм менӯшад.
Одамон бовар доранд, ки дар чунин сармо ҳама микробҳо мемиранд ва эпидемияи зуком низ қатъ мегардад.
Умуман, дар чунин сардиҳо ишқ бояд одамро гарм кунад, бовар дорад ҷавони дигар.
Кӯдаконро чунин вазъи ҳаво бештар хуш меояд.Онҳо барфбозӣ мекунанд, барфак месозанд ва дар ҳавои сард сайру гашт мекунанд.