Рақибони тими бонувони тоҷик барои роҳхати олимпӣ муайян шуданд

Дар натиҷаи қуръакашӣ барои бозиҳои марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 тими бонувони футболбози тоҷик дар гуруҳи "Е" қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Тими миллии бонувони футболбози Тоҷикистон бо дастаҳои Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои роҳхати олимпӣ сабқат хоҳанд кард.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пайи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 хабар дод.
Таъкид шудааст, ки тими бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи "Е" қарор гирифтааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпӣ 26 дастаи занона ба 7 гурӯҳ - 5 гурӯҳи иборат аз чор даста ва 2 гурӯҳи иборатаз се даста тақсим мешаванд. Бозиҳои ин марҳила аз 3 то 11 апрел баргузор мешаванд.
Беҳтарин футболбозони Хатлон муайян шуданд
Таъкид шудааст, ки ғолибони ҳафт гурӯҳ ба марҳилаи дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки дар он марҳила панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.

Чаҳор дастаи беҳтарини марҳилаи дуюми интихобӣ - се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро дар гурӯҳҳо ишғол кардааст, дар марҳилаи сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозигӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд, илова намуд Кумитаи олимпии Тоҷикистон.