Қатъи парванда алайҳи президенти пешини Қирғизистон

Раисҷумҳури аввали Қирғизистон, ки баъди 16 соли фирор бори аввал соли 2021 ба ватан баргашта буд, акнун расман аз таъқиби ҷиноӣ озод шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Додситонии кулли Қирғизистон ҳамаи парвандаҳо алайҳи Аскар Акаевро қатъ кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, парвандаҳо на ба далели исботи бегуноҳии Акаев, балки бинобар гузаштани мӯҳлати даъво қатъ карда шудаанд.
Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дода буд, ки алайҳи Акаев барои созишномаи генералӣ бо ширкати "Камеко" дар соли 1992 ва таҷдиди сохтори лоиҳаи "Қумтор" дар соли 2003 парванда кушода шудааст.
Аскар Акаев нахустин раисҷумҳури Қирғизистон аст ва дар солҳои 1990 — 2005 бар он кишвар раёсат мекард. Вай дар пайи инқилоби мардумии соли 2005 аз раёсат барканор шуд ва Қирғизистонро тарк кард.
Замина барои табаддулот нест: Тошиев шарҳ дод, ки кай инқилобҳо рух медиҳанд
Мардуму мақомоти қирғиз ӯ ва наздиконашро муттаҳам ба ғорати кишвар дар ҷараёни хусусисозии дороиҳои давлатӣ карда буданд.
Акаев баъди 16 соли фирор соли 2021 ба Қирғизистон баргашта, аз рӯи парвандаи "Қумтор" шоҳидӣ дода, дигарбора ба хориҷа рафта буд. Он замон аз лағви иттиҳомот алайҳи Акаев хабар дода шуд, аммо КДАМ ин иттилоъро рад карда, афзуд, тафтишот идома дорад.
Роҳбари феълии Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар пайи шоҳидиҳои Акаев изҳор дошт, ки ӯ хатоҳои қаблии худро дар назди мардум ислоҳ кард. "Қумтор" аз они мо шуд, шаҳодати Акаев дар ин кор кумак кард, гуфт Ҷабборов.
Маврид ба зикр аст, ки Қурбонбек Боқиев, ки дар пайи ин инқилоб ҷойгузини Аскар Акаев шуда буд, низ тайи як инқилоби мардумӣ дар апрели соли 2010 аз раёсат барканор ва кишварро тарк кард.