Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон

Мақомоти вилояти Хатлон аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта хабар дод. Маҳсулоти ин вилояти Тоҷикистон ба 7 кишвари ҷаҳон содирот шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Дар давраи ҳисоботӣ, гардиши савдои хориҷӣ ба 498,2 миллион доллар расидааст, ки аз он 238,2 миллион доллар содироти молу маҳсулот ва 260 миллион доллари дигар воридотро ташкил додаааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содирот дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135,3 дарсад ё баробари 62,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ, 1,2 ҳазор тонна матоъ, 1,7 млрд. кв. соат. неъруи барқ, 418,4 ҳазор тонна семент, 269,4 ҳазор тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудааст.
Ҷалби 66 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Хатлон
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ ба давлатҳои Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белоруссия содирот карда шуд.
​“Маҳсулотҳои содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотҳоро ташкил медиҳад”,- таъкид кардааст манбаъ.