ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Оқибатҳои тармафароии ахир пурра бартараф ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ таъмин гардид, иттилоъ додааст ширкати IRS, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад.
Ба иттилои манбаъ аз субҳи барвақт тоза намудани роҳи Душанбе - Чаноқ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш оғоз гардида, айни замон ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
“Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд”,-Зикр намудааст ширкати махзкур.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 январ дар роҳи Душанбе — Чаноқ, хоса минтақаи Варзоб бинобар бетафовутии баъзе ронандагон тамбашавии воситаҳои нақлиёт зиёд ба амал омада, сафарбарнамоии техникаҳои филиали ширкатро ба макони тармафароӣ ва минтақае, ки бориши барф пуршиддат аст, нисбатан мушкил намуд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ мардумро ҳушдор дода, даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд.