ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ).
Тибқи иттилои манбаъ, бо шомил шудан ба ин анҷуман Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун ҳуқуқ дорад, ки мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “А” бурсҳои омӯзишӣ гузаронад.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ мураббиёни Тоҷикистон метавонанд аз рӯйи дипломҳои дар Тоҷикистон гирифтаашон дар кишварҳое, ки анҷумани КФО-ро қабул кардаанд, кор кунанд.
“Мо ба департаменти техникӣ ва шуъбаи таълими мураббигариии Конфедератсияи футболи Осиё барои кӯмаку дастгирии доимӣ дар рушди футболи Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Федератсияи мо ба рушди таълими мураббигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва тасдиқшавии анҷумани мураббигии мо дар сатҳи "А" бидуни дастгирии КФО имконнопазир мешуд”, – иттилоъ додааст ФФТ.
Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, то соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои довталабони иҷозатномаи “Pro” бурсҳои мураббигӣ роҳандозӣ намояд.