ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти дорусозӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2021 се баробар афзоиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти ниҳодҳои марбута ҷумҳурӣ соли 2022 истеҳсоли 540 навъ дорувор ба роҳ монда шуд.
Сарфи назар аз ҳаҷми назарраси истеҳсолот ва афзоиши шумораи корхонаҳои фармасевтӣ, дар кишвар ҳанӯз дар ин самт имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд.
Мақомоти кишвар ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳо меандешанд ва ба ниҳодҳои тахассусӣ супориш дода шудааст, ки барои ифтитоҳи корхонаҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ сармояи мустақим ҷалб кунанд.
Супориш дода шудааст, ки коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо онҳо машҳур аст, таъмин карда шавад.
Қобили зикр аст, ки дар пасманзари афзоиш дар кишвар воридоти доруворӣ то ҳол дар ҷои аввал қарор дорад.
Ҳамин тариқ кишвар, дар ду соли охир ба маблағи 84 миллион доллар маводи доруворӣ харидорӣ кардааст.
Ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки то имрӯз беш аз 90 дарсади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад.