ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои муштараки амалиёти вижаи низомии Русия, сардори Ситоди кулл, Валерий Герасимов таъйин шудааст.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, тағйирот дар ҳайати фармондеҳии амалиёти вижаро, вазири дифои ФР, Сергей Шойгу анҷом дод.
Генерали армия фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия, Сергей Суровикин, ки то ҳол фармондеҳии нерӯҳои муштараки амалиёти низомиро ба уҳда дошт, ноиби Герасимов таъйин гардидааст.
Инчунин фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия, генерал Олег Салюков муовини Герасимов таъйин гардидааст. Ноиби сеюми фармондеҳи нерӯҳои муштараки амалиёти низомӣ, муовини сардори Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия, генерал-полковник Алексей Ким шудааст.
Боло бурдани сатҳи фармондеҳӣ дар амалиёти махсус ба васеъ шудани миқёси вазифаҳои гузошташуда, зарурати ташкили ҳамкории зич байни намудҳо ва бахшҳои қӯшунҳо вобаста аст, тавзеҳ дод Вазорати дифоъ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.