Паёми сардабири Sputnik Литва аз маҳбас

Рӯзноманигори боздоштшуда ба ҳар нафаре, ки дар рӯзҳои сахт дар талоши кумак ба ӯст, сипос гуфта, афзудаст, барои онҳое, ки хурсанд шудаанд, довар Худост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Сардабири Sputnik Литва Марат Касем, ки дар Латвия боздошт шудааст, аз маҳбас мактубе навишт.
Касем дар паём иттилоъ додааст, ки мақомоти Латвия ӯро бар асоси 84-и Қонуни ҷиноӣ - "нақзи таҳримоти иқтисодӣ" муттаҳам мекунанд.

"Шояд расонаҳои Латвия аз боздошти ман хеле шод буданд? Худо доварияшон кунад. Ташаккур ба ҳамае, ки бароям дар ташвишанду кумак мекунанд, ҳамаи инро эҳсос мекунаму ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад", - навиштаст ӯ.

Бар асоси иттиҳоме, ки нисбати Марат Касем эълон шудааст, ӯро то 5 соли зиндон ё ҷарима дар ҳаҷми 100 музди моҳона таҳдид мекунад.
Дар назди сафорати Латвия дар Маскав гирдиҳамоӣ ба ҳимоят аз сардабири хабаргузории Sputnik Литва, Марат Касем баргузор шуд.
Ҷамъомадагон бо шиорҳо дар даст, ҳамраъйияшонро ба Марат Касем баён дошта, талаби озодии ӯро талаб карданд.
Ҳамоиш дар Маскав бо талаби озодии рӯзноманигор Марат Касем аз маҳбаси Латвия - видео
Мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв низ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат дошт. Вай лавҳае бо навиштаҷоти "Аз рӯзноманигорони Русия даст бардоред" ба даст гирифта, садоро барои озодии Марат Касем баланд кард.
Киселёв боздошти хабарнигорро комилан ғайриқонунию дорои ангезаи сиёсӣ хонда, бозгӯкунандаи адами эҳтиром ба озодии баён донист. Вай таъкид намуд, ки мақомоти Латвия омодаанд, ҳар нафари марбут ба Русияро маҳкум созанд.