ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд поин рафт.
Ба гузориши хабаргузории SugdNews, коҳиши қимати ин навъи сӯзишворӣ дар муқойиса бо як ҳафтаи қабл ҳудуди 50 дирамро ташкил додааст.
Дар ҳоли ҳозир як литр газро бо қимати 4-4,1 сомонӣ харидан мумкин аст.
Нархи дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Бензини АИ-95 барои як литр 7,6 сомонӣ, АИ-92 8,2 сомонӣ фурӯхта мешавад. Сӯзишвории дизелӣ барои як лит 12 сомонӣ қимат дорад.
Гуфта мешавад, ки дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензини навъи АИ-92 мавҷуд нест.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон дастикам 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ин ба арзон будани он нисбат ба бензину дизел вобаста аст.
Тағйирёбии нархи сӯзишворӣ бо тағйирёбии ҳаҷми интиқоли он ба Тоҷикистон алоқаманд аст: ҳангоми камчинии воридоти дизел, газ ва бензин арзиши онҳо боло меравад ва баръакс – ҳангоми воридоти миқдори зиёди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон нарх паст мешавад.