ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Намояндагони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (FDT) дар Душанбе бо ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мулоқот карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии ФҶТ, муовини раиси он Эргаш Маҳмадбеков бо раҳбари ҳайат Владимир Барт ҳамкории созмонҳо дар самти татбиқи ташаббусҳои нави ҷониби Тоҷикистон дар заминаи Гран-При Душанбе-2023-ро баррасӣ кард.
Илова бар ин, Барт табрикоти раиси ФБҶ Мариус Визерро ба раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир дар робита ба интихоби ахир ба ин мақом расонд.
Ёдовар мешавем, Гран При Душанбе 2023 бори аввал дар таърихи кишвар 2 июн баргузор шуда, 2 рӯз идома хоҳад кард.
Дар он қариб 300 варзишгари беш аз 30 кишвари ҷаҳон ният доранд, ки ширкат кунанд.
Дар созишнома бо ФБҶ пешбинӣ шудааст, ки ин мусобиқа ҳамасола барои 4 сол баргузор мешавад.