ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Назар ба рӯзҳои аввали фасли сармо, омори гирифтории сокинон ба ин беморӣ тамоюли поёнравӣ дорад, гуфт муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд Маҷнун Орипов, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба иттилоъи ӯ, давоми як ҳафтаи аввали соли ҷорӣ 962 мавриди сироятёбии сокинон ба бемориҳои роҳи нафас сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳафтаҳои қаблӣ бист ҳолат кам будааст.
“Аз санаи 31 декабри соли 2022 то санаи 6 январи соли 2023, 962 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст. Рӯзҳо 23 – 30 декабри соли 2022, омори гирифторшавӣ ба 982 баробар буд ва аз ин шумор 640 нафар кӯдакони то 14 сола сабт шудаанд” – гуфт, масъули Идораи беҳдоштӣ.
Табибон хуруҷи афзояндаи бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро мавсимӣ дониста, онро аз фаъол ва паҳншавии вирусҳо дар фасли сармо маънидод мекунанд.
Бино ба омори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологнии Суғд давоми соли 2022 дар ҳудуди ин вилоят 26, 5 ҳазор нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд. Беш аз 80 % и ин теъдод кӯдакони то 14 сола будаанд.