ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ахиран дар Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода бо ҳайати Бонки Исломии Рушд бо роҳбарии Эмре Эсер сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод.
Тибқи иттилои манбаъ, вазири тоҷик зимни мулоқот таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар ин мулоқот масъалаи таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла Таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Оқои Завқизода қайд кардааст, ки Роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад.
“Роҳи автомобилгарди мазкур аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои рушди мусофиркашонию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд”,- зикр кард вазири тоҷик.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ низ баррасӣ гардиданд.
Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.