Тахфифҳои “Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон

“Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро дар соли равон то 50 дарсад тахфифҳо пешниҳод кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ширкати “Роҳҳои оҳани Россия” дар қатораҳо ба самти Тоҷикистон тахфиф эълон намуд, ки он дар соли равон амалӣ мегардад.
Тавре сомонаи “РЖД -Partner.ru” хабар додааст, ширкати “Роҳҳои оҳани Россия” додааст, ки ин зимистон аз ҷониби ин ширкат якчанд пешниҳодҳои нави муфид пешниҳод шудааст.
Таъкид карда шуд, ки барои сафар ба кишварҳои ҳамсоя тахфиф пешбинӣ гардидааст.
“Иқдоми “Тоҷикистон. Пешакӣ ба нақша гиред” роҳандозӣ шудааст. Он то 28 декабри соли 2023 амал хоҳад кард”,- таъкид кардааст манбаъ.
Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли 2023, аз ҷумла 50 дарсад тахфифи ҳамлу нақли воридотӣ ба меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Узбекистонро тамдид намуд.
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Бояд гуфт, ки сиёсати тахфифӣ нисбат ба қатораҳои яхдонӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон татбиқ мешавад.
Қаблан намояндаи тиҷоратии Россия Евгений Коренков гуфта буд, ки истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоти таҳти тамғаи “Made in Tajikistan” талаботи зиёд доранд.
Ин маҳсулот зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва малина ва омехтаҳои гуногуни меваҳои хушк мебошанд.