ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Размикори маъруфи тоҷик Нурулло Алиев 26 феврал бо рақиби бразилӣ, Рафаел Алвес вориди майдон мешавад.
Ин нуктаро худи Алиев дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ кардааст. Интизор меравад зӯрозмоии варзишкори 22-солаи тоҷик бо ҳамтои 32-солааш дар Лас-Вегас баргузор гардад.
Алвес то ҳол 31 бор зӯрозмоӣ карда, 20 бор пирӯзу 11 бор мағлуб аз майдон берун омадааст.
Нурулло Алиеви 22-сола ҳоло бо 8 пирӯзӣ ва ягон бохт фаъолият варзишияашро идома медиҳад. Ӯ моҳи сентябри соли 2022 дар пайи пирӯзияш бар Ҷош Уики амрикоӣ ба UFC роҳ ёфта, аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин лигаи маъруф мебошад.
Қаблан размикори тоҷик роҳ ёфтан ба ин созмонро сангин арзёбӣ кард, ки нерӯю маблағи зиёд ва парҳезкориро талаб мекунад.
Аз ҷумла гуфт, ки барои омодагӣ ба ин мусобиқа чӣ қадар маблағ сарф кардааст, то роҳаш ба UFC боз шавад.
"Дар ИМА ман дар як моҳ тақрибан 8-10 ҳазор доллар сарф мекардам. Дар он ҷо барои манзили иҷора ва ғизо пули зиёд бояд пардохт. Ба ғайр аз ин, ман як мутахассиси ғизоӣ доштам. Ҳамаи ин хароҷотро ман худам ба уҳда доштам. Оилаи ман, бародаронам ба ман кумак карданд", - гуфт ӯ.
Тавре Нурулло қайд мекунад, ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар ду сол қаҳрамони вазни сабуки UFC шавад ё ба панҷгонаи беҳтарин размикорон дохил гардад, то роҳбарияти лига ҳар вақт тавонад ба ӯ мубориза барои унвони қаҳрамониро пешниҳод кунад.