Киссинҷер ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украинаро гуфт

Барои Русия қобили қабул нест, ки Эътилофи Атлантикаи шимолӣ дар 500-километрии шаҳри Маскав қарор гирад, изҳор дошт дипломати собиқадори ИМА
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украина мақоми бетарафии ин кишвар аст, изҳор дошт собиқ котиби давлатии ИМА, Ҳенрӣ Киссинҷер.
Ӯ ин нуктаро дар китобаш "Роҳбарӣ: шаш дарси стратегияи ҷаҳонӣ" баён доштааст, ки порчаҳои онро агентии "Foreign Affairs" иқтибос овардааст.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, Русия наметавонад иҷоза диҳад, ки Украина ба НАТО ворид шавад, зеро он гоҳ марзҳои ин паймон аз Маскав ҳамагӣ 500 километр дур хоҳад буд.
Дипломат гуфтааст, ки дар ин замина роҳи ҳалли муноқишаи Украина дар даст кашидани азми Киев барои пайвастан ба НАТО ва мақоми бетарафии кишвар аст.
Вай қаблан дар мавриди анҷоми буҳрони Украина изҳор дошта буд, ки 3 роҳи эҳтимолӣ вуҷуд дорад.
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
Роҳи аввал назорати Русия ба қисми бештари Донбасс бо ноҳияҳои асосии саноатӣ ва кишоварзӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ мебошад, ки "пирӯзии Маскав" хоҳад буд, гуфт Киссинҷер.
Дар ин сурат нақши Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО ҳалкунанда нахоҳад буд, изҳор доштаст ӯ.
Роҳи дигар ба гуфтаи сиёсатмадори амрикоӣ талоши танг овардани Русия дар Қрим мебошад, ки бо шиддати даргирӣ меанҷомад.
Шеваи сеюмро таҳлилгар бозгашт ба ҳолати 24 феврал, то оғози амалиёти низомии Русия дар Украина хонд. Баъди ин масоили ҳалношударо метавон дар музокирот баррасӣ кард. Вазъият эҳтимол то як муддат мавқуф гузошта шавад, илова намуд вай.