Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд

Вилояти Хатлон, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон - "Норак" дар қаламрави он қарор дорад, ҳаҷми содироти нерӯи барқро эълон намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аз Хатлон дар 11 моҳи аввали соли 2022 ба хориҷа ҳудуди 1,6 миллиард кВт/соат неруи барқ содир карда шудааст.
Дар ин бора мақомоти Хатлон хабар дода, ҳаҷми маблағи барқи содиршуда дар моҳҳои январ - ноябри соли 2022-ро наздики 71 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ карданд.
Маврид зикр аст, ки ба калонтарин нерӯгоҳи обии барқи Тоҷикистон - "Норак" дар қаламрави Хатлон қарор дошта, хатти интиқоли барқ ба Афғонистон низ аз ҳудуди он мегузарад.
Харидори асосии барқи Тоҷикистон ин Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд, ки ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик", фурӯш асосан дар фасли гармо амалӣ мешавад.
Камбуди барқ дар деҳоти Суғд боиси болоравии нархи ангишту ҳезум шуд
Қаблан эълон карда шуд, ки миён ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 эътибор хоҳад дошт.
Масъулини "Барқи тоҷик" мегӯянд, Тоҷикистон дар фасли гармо барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Брешно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст, таъкид мекунанд масъулин.
Дар мавриди содироти нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли сармо, дар ҳоле, ки худи Тоҷикистон дучори камбуди нерӯи барқ аст, "Барқи тоҷик" эълон карда буд, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ҳаҷми интиқол, 25-30 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки аслан ин миқдор барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.