ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ дошт, иттилоъ додааст дафтӣари матбуоти раисҷумҳур.
Сарони ду давлат як дигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон табрик намуданд.
Роҳбарони ду давлат аз муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо тамоюли рушди афзояндаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамкории зичи ҷонибҳоро дар арсаи амниятӣ ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.
“Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи он дар тиҷорати хориҷии кишвари мо аз рӯи натиҷаҳои 11 моҳи соли сипаришуда 19,6 фоизро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додаааст манбаъ.
Роҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳҳои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро, пеш аз ҳама тавассути ғанӣ гардонидани ҳамкории амалӣ бо мазмуну мӯҳтавои мушаххас, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон чанде пеш мубодилаи барқияҳои табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикотиаш қайд кард, ки Тоҷикистон натиҷаҳоеро, ки ду кишвар тӯли ин давра дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ба даст овардаанд, хеле арзишманд медонад.
“Дар ин зимн асосҳои боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ ва василаҳои муассири танзими ҳамкории байнидавлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Боиси хушнудист, ки муносибатҳои ҳамкории мо бо такя ба ин заминаи мустаҳкам ва усулҳои халалнопазири эътимоду эҳтироми якдигарӣ ва шарикии стратегӣ имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳо бо суръати баланд рушд ёфта истодаанд”,- таъкид кардааст Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон боварӣ доштааст, ки Тоҷикистону Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ барои ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкориҳои амалии мутаносибан судманди ҷонибҳо саъю талоши муштарак хоҳанд кард
Дар навбати худ кишвардори Қазоқистон дар барқияи худ қайд карда буд, ки дар тӯли солҳои сипаришуда ду кишвар робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанба ва мутаносибан судмандро роҳандозӣ намудаанд, ки дар рӯҳияи шарикии воқеан стратегӣ бемайлон таҳким ёфта истодаанд.
“Муколамаи ошкорову боэътимод дар ҳамаи сатҳҳо, рушди босуръати ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои бомуваффақияти ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд”, қайд кардааст Тоқаев.
Вай илова кард, ки марҳалаи навро дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар ҳусни оғоз бахшида, Қазоқистон омодаи кори зичи муштарак бо Тоҷикистон барои ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкории ду кишвар аст.